Шахсони ҳуқуқӣ

Қисми корпоративӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҶСК "Ориёнбонк" ба ҳисоб меравад. Ориёнбонк бештари ширкатҳои бузурги Тоҷикистонро хизматрасонӣ менамояд, ки аксари онҳо аз рӯзи аввали фаъолияташон маҳз бо Ориёнбонк ҳамкорӣ менамоянд.

Қарздиҳӣ

Бонк ба корхонаҳои тиҷоратии хурду миёна, корхонаҳои содироткунанда, корхонаҳои саноатие, ки маҳсулот ва хизматрасониҳои онҳо дорои талаботи босубот ҳастанд ва инчунин барои зиёд намудани сармояи гардон, васеъкунии соҳаи фаъолият, хариди таҷҳизот ё объектҳои ғайриманқул, маблағгузории фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ ва ҳадафҳои дигар, қарз медиҳад

Амалиётҳои амонатӣ

ҶСК «Ориенбонк» ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҷойгир намудани воситаҳои муваққатан озоди пулии худро ба амонатҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ пешниҳод менамояд. Амонатҳои бонкӣ дар шароитҳои муосир яке аз олотҳои дастрас ва боэътимоди ҷойгиркунии воситаҳои пулӣ баҳисоб мераванд.

Кортҳои пластикӣ

ҶСК «Ориенбонк» ба мизоҷони худ барориш ва хизматрасонии кортҳои низомҳои маъмули пардохтии байналхалқиро пешниҳод мекунад. Бонки мо узви баробарҳуқуқи низоми пардохтии байналхалқии VISA International мебошад. Бо кушодани ҳисоби корти корпоративии Gold барои роҳбарони ширкат – Шумо дар асл мақоми баланд доштани ширкати худро нишон медиҳед

Амалиётҳои ҳисобӣ-хазинавӣ

ҶСК «Ориёнбонк» бо истифода аз технологияҳои муосир ва такия ба таҷрибаву ихтисоснокии кормандони худ, ба Шумо истифода аз хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунии хазинавиро пешниҳод менамояд. 

Маблағгузории тиҷоратӣ

ҶСК "Ориёнбонк" хизматрасонии доираи васеи мизоҷонро аз рӯи таъмини фаъолияти тиҷоратӣ ва тиҷорати берунии иқтисодиро ба роҳ мегузорад. Истифодаи олотҳои маблағгузории тиҷоратии бонк ба мизоҷон барои дастрасии паст гардонидани хавфи тиҷоратӣ ва молиявӣ ҳангоми амалӣ гардонидани амалиётҳои содиротӣ-воридотӣ, кам кардани хароҷотҳои худдӣ имкон дода, инчунин ҷараёнҳои молиявиро беҳтар мегардонанд.

Хизматрасониҳои инкассатсионӣ

Бо Ориёнбонк сарватҳои Шумо дар ҳифзанд!

Маҳз барои ширкати Шумо ҶСК «Ориёнбонк» пешниҳод менамояд аз хизматрасонии ҳамлу нақли дороиҳо, алалхусус ҳамли маблағҳои нақдии ташкилотҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо истифода баред. 

Тарофахои бонк

Бонк барои расонидани хизматрасониҳо ва амалиётҳои бонкӣ аз Мизоҷон тибқи тарофаҳои тасдиқшудаи бонк ҳаққи хизмат меситонад.