Навигариҳо

31.10.2019
Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо

Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо!

 

   Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо дар Итолия оғоз ёфтааст. Соли 1924 дар Милан, дар Конгресси якуми кассаҳои амонатӣ намояндагони 29 кишвари ҷаҳон қарор доданд, ки ҳар сол 31 октябрро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо бо мақсади паҳн кардани ғояи нигоҳ доштани пул дар бонкҳо ҷашн мегиранд. Сипас, аксари аз кишварҳои ҷаҳон ба таҷлили ин рӯз ҳамроҳ шуданд. Дар ин рӯз, аз оғози моҳ ва дар тамоми моҳи октябр, бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ ба муштариёни худ шартҳои махсуси амонатгузорӣ, инчунин иттилооти иловагӣ дар бораи фаъолияти ташкилотҳои молиявиро пешниҳод мекунанд.

  ҶСК “Ориенбонк” ва Филиалҳои он ҳамасола ба мақсади таҷлили " Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо " як қатор чорабиниҳо, аз он ҷумла - Дарҳои кушод баргузор намуда ба муштариён туҳфаҳои хотиравӣ тақдим менамояд. Таваҷҷӯҳи махсус ба баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ зоҳир карда мешавад. Соли ҷорӣ низ ин иқдом рӯзи 31 октябр баргузор гардид. Бо мақсади бештар намудани ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкӣ чорабиниҳои мушаххас амалӣ карда шудаанд.

  ҶСК “Ориенбонк” ҳамаи сокинони кишварро бо "Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо" табрик мекунад ва ба пасандозҳои шумо афзоиш мехоҳад!