Пасандозҳо
Сайёҳӣ

Пасандози муҳлатноки “Сайёҳӣ” - Афзалияти асосии пасандози «Сайёҳӣ» дар он аст, ки пасандоз ба тариқи нақдӣ ва ғайринақдӣ аз сайёҳони дохилӣ ва берунӣ қабул карда мешавад ва онҳо ба ғайр аз даромади фоизӣ инчунин метавонанд роҳхатҳо ба истироҳатгоҳҳо бурд кунанд.

Ҳадди маблағи камтарин барои қабули пасандози муҳлатноки “Сайёҳӣ”  бо пули миллӣ ба 5000 сомонӣ, бо асъори хориҷӣ 500 доллари ИМА, 500 Евро ва ё 30 000 рубли русӣ баробар мебошад.

                                     

Мӯҳлат

 Асъори миллӣ 

 Асъори хориҷӣ 

  Аз 361 то 720 рӯз  

10%

6%

 

Шартҳо:

Фоизҳои ҳисобшуда ҳар моҳи тақвимӣ аз рӯи ҳисоби 1 сол = 360 рӯз, 1 моҳ = 30 рӯз тибқи меъёри фоизҳо, ки бо қарори Раёсати Бонк қабул шудааст, ҳисоб карда мешаванд ва бо нигоҳ доштани андоз аз манбаи пардохт ба меъёри 12%, мувофиқи Кодекси андози ҶТ, ҳисоб карда, дар корти бонкӣ пардохт карда мешаванд.

Дар ҳолати пеш аз муҳлат қатъ кардани шартнома бо ташаббуси пасандозгузор, Бонк мувофиқи меъёри фоизи пасандозӣ бо пули миллӣ дар ҳаҷми 1% солона пардохт карда мешавад ва бо асъори хориҷӣ маблағи фоиз пардохт карда намешавад.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома);
  • РМА;
  • дархост барои кушодани суратҳисобҳои бонкӣ;
  • дархост барои кушодани  корт бонкӣ (агар надошта бошад).

Дар баробари кушодани суратҳисоб дар Бонк, Шумо бо забони интихобкардаатон  ва меъёрҳои рақобатпазир вобаста ба ҳамагуна хизматрасониҳои бонкӣ, сафарбар карда мешавед.

Мо шуморо даъват менамоем, ки ба сафари навбатии худ ба Тоҷикистон сафар кунед.