Шахсони воқеӣ
Амонатҳо

ҶСК "Ориёнбонк" воситаҳои пулии шахсони воқеӣ, инчунин соҳибкорони инфиродиро дар шакли амонат қабул менамояд. Амалиётҳои амонатӣ – ин амалиётҳое мебошанд, ки барои ҷалби воситаҳои пулии шахсони воқеӣ ба мӯҳлатҳои муайян ё бемӯҳлат ва бо пардохти дивиденд, алоқаманданд.  

Афзалияти амонатҳои мо:

  • Бехатарӣ ва зиёд шудани маблағҳои Шумо.
  • Барои кушодани ҳисоби амонатӣ танҳо Шиноснома лозим аст.
  • Ҳаҷми ками пасандози аввалиндараҷа.
  • Имконияти пур (зиёд) намудани амонат.
  • Имконияти қисман гирифтани амонат.
  • Эътимодияти амонат аз ҷониби Фонди суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ кафолат дода мешавад.