Дар бораи Бонк
Вазифаҳои холӣ

Яке аз боигарии асосии Бонки мо – ин ҳайати ягонаи креативӣ ва бомаҳорати кормандон мебошад. Кӯшиши доимӣ ба такмилёбӣ, воридкунии маҳсулоти нави бонкӣ, ки ба кашфиётҳои охирини соҳаи технологияи иттилоотӣ асос меёбанд ва муносибати эъҷодӣ – гарави шукуфоии Бонки мо мебошанд. Фарҳанги баланди корпоративӣ, рӯҳияи ҳайати ягона ва ҳамкорӣ имконият медиҳанд, ки ҳам дар байни муштариён ва ҳам дар муҳити  касбӣ, мақом ва обрӯи баланд дошта бошем. 

Бонк барои ҳар як шахси дар озмуни ишғоли вазифаҳи холӣ хоҳиши ширкат варзидан дошта имкониятҳои баробар фароҳам меоварад. Шартҳои муҳимтарини қабули қарор барои ба кор қабул намудани номзад - қудрат, сифатҳои касбӣ ва шахсии ӯ мебошанд. Дар бонк доимо воситаҳои ҷалбкунии ҳар як корманд ба меҳнати пурмаҳсул такмил дода мешаванд, муносибати эъҷодӣ нисбат ба кор, кӯшиши дохил намудани идеяҳои навоварӣ ва қарорҳои технологии нав қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳангоми дида баромадани номзадҳо ба вазифаҳои холӣ чунин омилҳо, ба монанди таҷрибаи корӣ, таҳсилот ва сифатҳои шахсӣ ба назар гирифта мешаванд. Агар иттилооти пешниҳоднамудаи Шумо барои Бонк муфид бошад, он гоҳ мутахассисони Шӯъбаи менеҷменти кадрӣ ҳатман бо Шумо баҳри гирифтани иттилооти иловагӣ ва ташкили сӯҳбат дар тамос мешаванд.
Резюмеи худро Шумо метавонед ба суроғаи зерин ирсол намоед: ok@orienbank.com