Шахсони ҳуқуқӣ
Маблағгузории тиҷоратӣ

ҶСК "Ориёнбонк" хизматрасонии доираи васеи мизоҷонро аз рӯи таъмини фаъолияти тиҷоратӣ ва тиҷорати берунии иқтисодиро ба роҳ мегузорад. Истифодаи олотҳои маблағгузории тиҷоратии бонк ба мизоҷон барои дастрасии паст гардонидани хавфи тиҷоратӣ ва молиявӣ ҳангоми амалӣ гардонидани амалиётҳои содиротӣ-воридотӣ, кам кардани хароҷотҳои худдӣ имкон дода, инчунин ҷараёнҳои молиявиро беҳтар мегардонанд.

Бартарӣ ва манфиати маблағгузории тиҷоратӣ:

  • Паст гардонидани хавфҳои қарзӣ, ҳуқуқӣ ва дигар намудҳои он аз рӯи амалиётҳои тиҷорати берунӣ аз ҳисоби истифодаи аккредитив.
  • Имконияти дастрас намудани маблағгузорӣ барои амалиётҳои тиҷорати берунӣ.
  • Имконияти дастрас намудани таъхир/мӯҳлатдиҳии пардохт аз рӯи амалиётҳои тиҷорати берунӣ аз 1 моҳ то 1 сол.
  • Тарофаҳои маблағгузории тиҷоратӣ ба ҳисоби миёна аз меъёрҳои қарздиҳии оддӣ нисбатан пасттаранд.

Шабакаи муросилотии мавҷудаи бонк имкон медиҳад аккредитив кушода шавад ё кафолат ба манфиати таҳвилкунандае, ки дар ҳар кадом нуқтаи дунё ҷойгир аст, бароварда шавад.

ҶСК "Ориёнбонк" ба мизоҷони худ дар соҳаи маблағгузории тиҷоратӣ ва гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ амалиёт ва хизматрасониҳои зеринро пешниҳод менамояд:

  • Кушодани аккредитивҳо ва кафолатҳо бе рӯйпӯшкунии пулӣ.
  • Маблағгузорӣ ҳангоми пардохти батаъхирафтода.
  • Маблағгузории пост-воридотӣ.
  • Маблағгузории содирот.
  • Намудҳои кафолатҳо (аз рӯи ӯҳдадориҳои иҷроиши онҳо таъмин карда мешаванд):

    - Кафолатҳои тендерӣ

    - Кафолатҳои пардохти таъхирёфта

    - Кафолатҳои иҷроиши ӯҳдадориҳо аз рӯи шартнома

    - Кафолатҳои бозгашти пардохти авансӣ

    - Кафолатҳои гумрукӣ

    - Кафолатҳо барои бастани (блокирование) воситаҳои пулӣ дар ҳисоб.

Шартҳо:

Барои аз ҷониби бонк пешакӣ баррасӣ намудани масъалаи маблағгузории тиҷоратии корхона, зарурияти иҷроиши шартҳои зерин ба миён меояд:

     - пешниҳод намудани лоиҳаи шартномаи тиҷорати берунӣ.

     - ҳаҷми маблағгузорӣ набояд аз маблағи созиши тиҷоратӣ зиёд бошад.

     - омода намуда ба бонк пешниҳод намудани дархости пешакӣ ба маблағгузории тиҷоратӣ.

Барои аз ҷониби бонк қабул намудани қарори мусбӣ оиди маблағгузории созиш, одатан ба корхона талаботҳои зерин пешниҳод мешавад:

     - мавҷудияти сарчашмаҳои ҷории пардохти маблағи аккредитив, фоизҳо ва хароҷотҳое, ки бо маблағгузории тиҷоратӣ вобастаанд.

     - мавҷудияти таъминот – амвол, замонатҳо, дигар шаклҳои барои бонк қобили таъминот то амалӣ гардидани таҳвили молҳо аз рӯи шартномаи тиҷорати берунӣ.

Тарофаҳо аз рӯи хизматрасониҳои маблағгузории тиҷорати.