Навигариҳо

14.10.2016
Кушодашавии Маркази хизматрасонии бонкии нав

 

Баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ва дастрас намудани хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии халқ ва ташкили ҷойҳои корӣ дар деҳаи Uусари ш.Панҷакент Маркази хизматрасонии бонки филиали ҶСК “Ориёнбонк” дар ш.Панҷакент мавриди истифода қарор дода шуд.  Маркази хизматрасонии бонкӣ ба талабот ва стандартҳо ҷавобгӯ мебошад.

Дар маросими кушодашавии Маркази хизматрасонӣ ҳайати кормандони филиали ҶСК “Ориёнбонк” дар ш.Панҷакент, намояндагони ҳокимияти давлатӣ, намояндагони воситаҳои ахбороти омма  ва сокинони минтақаҳои мазкур иштирок доштанд. Дар рафти маросим ба мизоҷони бонк тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

ҶСК "Ориёнбонк" нақша дорад, ки минбаъд ҳам дар шаҳру ноҳияҳои кишвар Марказҳои хизматрасонии бонкиро ифтитоҳ намояд.

mhb