Шахсони воқеӣ
Амалиётҳои ҳисобӣ-хазинавӣ

ҶСК "Ориёнбонк" бо истифода аз технологияҳои муосир ва такя ба таҷрибаву ихтисоснокии кормандони худ хизматрасонҳои ҳисоббаробаркунии хазинавиро пешниҳод менамояд. Хизматрасонии баланди бонкӣ ва муҳити муоширатии корӣ баҳри рушди боварии мизоҷон ба афзудани шумораи ҳисобҳо, мусоидат менамояд. 

Менеҷменти касбӣ, ки барои беҳгардонии хизматрасонии мизоҷон равона карда шудааст, баҳисобгирии хусусиятҳои инфиродии фаъолияти кории ҳар як мизоҷ ва пешниҳод намудани маслиҳатҳои саривақтӣ оиди қарздиҳӣ, назорати асъор ва ҳисоббаробаркуниҳо, ҳуқуқ ва андозбандӣ ба онҳоро имкон медиҳад. 

Ба монанди аксарияти бонкҳои ҷаҳонӣ, бонки мо омода аст ба Шумо хизматрасонии ҳисоббаробаркунии хазинавиро ҳам бо пули миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ пешниҳод намояд. 

Барои зуд ва босифат таъмин намудани ҳисоббаробаркуниҳо бо Шумо, бонк шароитҳои зеринро таъмин менамояд: 

  • Тамоми намуд ва шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳо бо сомонӣ ва асъори хориҷӣ.
  • Рӯзи амалиётии давомнок.
  • Баҳисобгирии воситаҳо дар ҳисобҳои мизоҷон дар реҷаи воқеии вақт.
  • Аз масофаи дур идоракунии ҳисоб бо истифодаи низоми "Интернет-банкинг".
  • Хизматрасонии хазинавӣ дар давоми рӯзи амалиётӣ ва кори хазинаи бегоҳирӯзӣ.
  • Пардохтҳои босуръат ба Россия аз рӯи низоми пардохтҳои электронӣ.
  • Пардохтҳои босуръат тавассути низоми байнибонкии телекоммуникатсионии SWIFT.
  • Назорати асъорӣ ва дастгирии фаъолияти берунии иқтисодӣ.
  • Амалиётҳои конверсионӣ.

Хизматрасонии ҳисоббаробаркунии хазинавӣ ба Шумо бо амалиётҳои дар боло зикргардида, маҳдуд намегардад. Ба ин мафҳум мо маҷмӯи тамоми механизмҳо ва тартибҳое, ки баҳри хизматрасонии мизоҷон дар сатҳи баландтарини стандартҳои замонавии бонкӣ равона карда шудаанд, дохил менамоем. Хизматрасониҳо дар Бонки марказӣ ва филиалҳои бонк пешниҳод мегарданд.

Бонк барои расонидани хизматрасониҳо ва амалиётҳои бонкӣ аз Мизоҷон тибқи тарофаҳои тасдиқшудаи бонк ҳаққи хизмат меситонад.

Барои кушодани суратҳисоб ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:

Рӯйхати бонкҳои муросилотии ҶСК "Ориёнбонк".