Навигариҳо

27.11.2017
Хизматрасонии нав барои дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК"Ориёнбонк"

Муҳтарам, дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК "Ориёнбонк"

Барои дар хотир гирифтани ПИН-коди (рамзи махфӣ) корти худ мушкилӣ мекашед?

Фикри онро доред, ки дар куҷо дарҷ кардани ПИН-коди корти худ, бехатар аст?

ПИН-коди Шумо ба бегонаҳо маълум шуд?

Ин мушкилиҳоро фаромуш кунед! ПИН-кодро худатон интихоб кунед! Махсус, барои осонии кори Шумо ҶСК”Ориёнбонк” намуди нави хизматрасонии "Ивази ПИН-код"-ро дар банкоматҳо пешниҳод менамояд. Акнун, Шумо метавонед ПИН-коди корти пардохтии худро бо дилхоҳ рақами аз 4 адад иборатбуда, иваз намоед.Хизматрасонии нав барои дорандагони кортхои пластики ҶСК"Ориёнбонк"Афзалият ё бартариятҳо:

Фавран - тартиби ивази ПИН-код на зиёда аз 1 дақиқаро дар бар мегирад.

Бехатар - ададҳои (рақамҳо) ПИН-код танҳо ба дорандаи корти пардохтӣ маълум аст.

Қуллай - шабакаи терминалии банкоматҳои Ориёнбонк зиёда аз 80  банкоматҳоро дар тамоми гушаю канори ҷумҳурӣ, дар бар мегирад.

Тартиби амал ҳангоми ивази ПИН-код дар банкоматҳои ҶСК"Ориёнбонк":

Қадами 1. ПИН-коди амалкунандаро ворид намоед

Қадами 2. Амалиёти "Ивази ПИН-код" -ро интихоб намоед

Қадами 3. ПИН-коди навро ворид намоед

Қадами 4. Такроран ПИН коди навро тасдиқ намоед

Ҳамин тавр, - дар экрани банкомат маълумот мебарояд, ки ПИН-код бо мувафаққият иваз гардид ва оид ба тасдиқи амалиёти гузаронидашуда, маълумоти чопӣ пешниҳод мешавад.  

Тавсияҳо оид ба интихоби ПИН-коди нав:

- барои бехатар истифода намудани корти бонкӣ, ба Шумо тавсия медиҳем, ки ҳангоми ворид намудани ПИН-код рақамҳои такроршаванда ва ё тартибӣ, инчунин осонёбро интихоб накунед;

- ҳамаи кортҳои бонкии худро бо як ПИН-коди якхела ҳифз накунед (нигоҳ надоред);

-  ПИН-кодро ба дигар шахс ифшо накунед;

- ПИН-кодро дар корт қайд накунед ва ҳамроҳи корт нигоҳ надоред;

- ҳангоми ҳисобаробаркунӣ тавассути интернет ПИН-кодро ворид накунед.

Арзиши хизматрасонии "Ивази ПИН-код" - 1$. Комиссияи ивази     ПИН-коди корти бонкӣ тавассути банкоматҳои ҶСК "Ориёнбонк" аз суратҳисоби дорандаи корт, гирифта мешавад. Ин намуди хизматрасонӣ танҳо ба дорандагони кортҳои пардохтии аз тарафи Ориёнбонк интишоршуда, дастрас аст.

Маълумоти муфассалро оид ба шартҳо ва тарофаҳои ба ин намуди хизматрасонӣ алоқамандро тавассути телефонҳои (+992) 600-37-21, 221-16-69, 221-12-28  дастрас намоед.