Ориён лизинг
Хизматрасониҳои лизингӣ

 

Хизматрасониҳои лизингӣ

Ширкати мо хизматрасонии лизинги молиявии яке аз воситаҳои муосири молиявиро дар бозори Тоҷикистон, бо шароитҳои манфиатовар пешнињод менамояд. Муштариёни Ширкати мо ташкилотҳо ва соҳибкороне ба ҳисоб мераванд, ки онҳо қобилияти таҳия намудани нақшаҳои дурнамои рушди тиҷорати худро доранд, зеро онҳо ба даромади на он қадар калони лаҳзавӣ такя наменамоянд, балки ба нақша доранд, ки тавассути кӯмаки молиявии мо истеҳсолот, фурӯш, даромади худро афзоянд ва мавқеи худро дар бахши худ васеъ намоянд. Беҳуда шиори мо «Ориён Лизинг бо мо шумо дар қуллаҳои баланд!» ба ҳисоб намеравад ва ин суханҳои холӣ нест, зеро Муштариёни мо ҳангоми бо душвории ба даст овардани қарз рӯ ба рӯ шудан, метавонанд ба бадаст овардани техника, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт ба лизинг аз ҶДММ «Ориён Лизинг» умед банданд.  

ҶДММ «Ориён Лизинг» ширкати лизинги универсалӣ ба ҳисоб меравад, Муштариёни мо аз ҳама бахши васеи соҳаи иқтисодиётро намояндагӣ менамоянд, онҳо ба фаъолияти зерин машғуланд:

    • Сохтмони асосӣ
    • Корҳои заминковӣ (маҷмӯи корҳои сохтмонӣ)
    • Сохтмони роҳҳо
    • Истихроҷи маъданҳои фоиданок
    • Ҳамлу нақли бор ва мусофирон
    • Истеҳсолоти нассоҷӣ ва дигар намудҳои истеҳсолот 
    • Хизматрасонии коммуналии роҳҳо ва ҳудудҳо
    • Хоҷагии қишлоқ
    • Коркард ва нигоҳдории ғизо
    • Хизматрасонии тиббӣ
    • Корҳои таъбу нашр
    • Телекоммуникатсия
    • Соҳаи хизматрасонии савдо
  1. Муҳлати шартномаи лизинг: аз 12 то 36 моҳ, эҳтимоли афзоиши муҳлат аз рӯи созиш (вобаста ба предмети лизинг);
  2. Арзиши таҷҳизоти ба лизинг додашаванда бемаҳдудият аст, татбиқи марҳилавии лоиҳа низ имконпазир аст.
  3. Маблағи ҳадди аққали маблағгузории лизинг: аз 10,000 доллари ИМА.
  4. Пешпардохт: аз 20 то 30 % аз арзиши лоиҳа дар лаҳзаи бастани шартномаи лизингӣ;
  5. Меъёри маблағгузории ҶДММ «Ориён Лизинг» дар бозор бисёр рақобатпазир мебошад. Онҳо метавонанд ҳатто аз бозор ҳам пасттар бошанд, агар мо хатҳои қарзии шарикони хориҷии худро истифода намоем. Ба ҳар ҳол ҳар як аҳди муштариёни эҳтимолии мо баррасӣ карда мешавад ва инфиродан таҷдид карда мешавад. Таърихи ҳамкориҳои мо нишон дод, ки муштариёни мо ҳама вақт розӣ мебошанд.  
  6. Фоизҳо ба арзиши предмети лизинг бо тарҳи пешпардохти амалишуда, ҳисоб карда мешаванд. Ҳисобнамоии фоизҳо бо усули аннуитет амалӣ карда мешавад, ки он барои муштариён бисёр қулай мебошад ва ба ҳисоби миёна баландравии арзиши предмети лизинг ба 7-10% қиматгардӣ дар як сол ба вуҷуд меояд;

Нақшаи пардохти лизинг:

    • Моҳона, чорякона, пардохтҳои баробар дар тамоми давраи иҷора;
    • Низоми фасеҳи пардохтӣ аз рӯи созиш:

       7. Ба таъхир андохтани пардохтҳои лизингӣ: ба муҳлати таҳвил, васл ва корҳои танзимгарӣ ва ба корандозанда (то 4 моҳ) аз рӯи хоҳиши муштарӣ дода мешавад

      8. Барои корхонаи соҳибкории хурд: соҳибмулкони амалии ширкат-лизинггиранда бояд кафолати шахсиро аз рӯи шартномаи лизинг пешниҳод намоянд. Ин кафолат бо роҳи бастани шартномаи замонатӣ пешниҳод карда мешаванд, ки дар доираи он соҳибмулкони ширкати лизинггиранда ҳамчун шахсони воқеӣ масъулияти якҷояро аз рӯи шартномаи лизинг ба зимма мегиранд