Навигариҳо

30.04.2015
Маҷлиси умумии солонаи саҳмиядорони ҶСК «Ориёнбонк»

 

28 апрел соли ҷорӣ, дар бинои Бонки марказии ҶСК «Ориёнбонк», Маҷлиси умумии солонаи саҳмиядорони бонк баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти молиявии бонк дар соли 2014 ҷамъбаст карда шуда, нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодӣ барои соли 2015 баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд. Инчунин, дар маҷлиси навбатӣ, масъалаҳо оиди зиёд намудани сармояи оинномавӣ, даровардани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Ориёнбонк, дар бораи аудити беруна ва дигар масъалаҳои ҷорӣ дида баромада тасдиқ карда шуданд.