Навигариҳо

8.09.2014
Кушодашавии 3 бинои нави ҶСК "Ориёнбонк" дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк" ҷиҳати арзанда истиқбол гирифтани 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 5-ум ва 6-ум сентябр, дар шаҳрҳои Норак ва Роғун, инчунин дар ноҳияи Файзобод биноҳои наву замонавии филиалҳои Ориёнбонкро кушода ба истифода доданд.  

   Дар маросими кушодашавии биноҳо, аъзоёни Раёсати ҶСК "Ориёнбонк" ва Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мазкур иштирок доштанд.

   Биноҳои мазкур зебою замонавӣ буда ба зебу зиннати шаҳру ноҳияҳои кишвар симои тоза мебахшанд ва муҳим аз ҳама барои хизматрасонӣ намудани мизоҷон бениҳоят қулай буда ба ҳама стандатҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошанд.

   ҶСК "Ориёнбонк" нақша дорад, ки минбаъд ҳам дар ноҳияҳои кишвар чунин биноҳои замонавӣ кушода ба истифода диҳад.