Навигариҳо

9.04.2013
Маросими имзогузории созишномаҳо дар дуюмин конфронси байналмиллалӣ оид ба муносибатҳои нави ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон

Eksar

Фрадков Пётр Михайлович               Сулаймонбеков Раҷаббек Аноятбекович

Санаи 5-уми апрели соли ҷорӣ дуюмин конфронси байналмиллалӣ оид ба муносибатҳои нави ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон баргузор гашт. Мақсади конфронси мазкур ин пеш аз ҳама таҳлили дурнамои тараққиёти ҳамкориҳои байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон дар давраи нави инкишофи муносибатҳои иқтисодии ИДМ мебошад.

Дар рафти конфронс созишнома байни ҶСК «ЭКСАР» (Федератсияи Россия) ва ҶСК «Ориёнбонк» оиди ташкили суғурта (созишҳо вобаста ба содир намудани хизматрасониҳо ва молҳои сифати баланди технологидоштаи истеҳсоли Россия) ба имзо расид, ки ин созишнома барои рушди муносибатҳои ҳарду кишвар нақши арзанда мебозад. Ҷониби ҶСК «ЭКСАР»-ро Директори ширкат – Фрадков Пётр Михайлович намояндагӣ мекард.

Дар конфронси мазкур Муовини Раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» Сулаймонбеков Раҷаббек Аноятбекович бо маърӯза дар бораи нишондиҳандаҳои асосии молиявии Ориёнбонк ва натиҷаҳои ҳамкории ширкатҳои Тоҷикистону Россия баромад намуд ва аз ҷумла қайд кард: «… Федератсияи Россия шарики асосии мо боқӣ мемонад, аммо ба ин сатҳи ҳамкории мутақобила  нигоҳ накарда, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем,  ки муносибатҳои худро боз ҳам вусъат диҳем. Яке аз намунаҳои рушди ҳамкориҳо маҳз имзогузории созишнома бо ширкати русии ҶСК «ЭКСАР», ки агентии суғуртавии содиротии Федератсияи Россия мебошад, шуда метавонад. Суғуртаи мазкур ба мо имконияти ба даст овардани воситаҳои қарзиро бо фоизҳои паст, аз ҳисоби кам шудани хатарҳои баргардонии онҳо, медиҳад».

Novikom

Елена Ширинская                  Раҷаббек Сулаймонбеков

ҶСК «Ориёнбонк» роҳҳои гуногуни ҷалби сармояи хориҷиро истифода мебарад. Қайд намудан бамаврид аст, ки дар рафти конфронс созишнома байни ҶСП ҶСТ «Новикомбанк» (Россия), ҶСП ҶСТ “Русславбанк” (Россия), АО «Казкоммертсбанк» (Қазоқистон), Baltikums Bank AS (Латвия) ва ҶСК «Ориёнбонк» оиди ҷалби қарзи синдитсионӣ ба имзо расид, ки ин ҷалби бевоситаи сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.

Ориёнбонк ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориҳои худро бо ширкатҳои бузурги кишварҳои хориҷи дуру наздик вусъат диҳад.