Навигариҳо

1.02.2017
Бо мақсади гузариш ба сатҳи нави иттилоотӣ, инчунин бо сифати баланд пешниҳод намудани хизматрасониҳои бонкӣ ба мизоҷон, ҶСК «Ориёнбонк» дар фаъолияти худ системаи автоматишудаи бонкии фосилавии Oracle FlexCube Direct Banking

 

 

 Муштариён ва шарикони гиромии Бонк!

Бо мақсади гузариш ба сатҳи нави иттилоотӣ, инчунин бо сифати баланд пешниҳод намудани хизматрасониҳои бонкӣ ба мизоҷон, ҶСК «Ориёнбонк» дар фаъолияти худ системаи автоматишудаи бонкии фосилавии Oracle FlexCube Direct Banking – ро, ки яке аз Ширкати истеҳсолкунандагони барномаҳои ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва бузургтарин таъминкунандаи дастгоҳҳои серверӣ мебошад, ҷорӣ менамояд.

Oracle FlexCube Direct Banking – ин таъминкунандаи дараҷаи баланди истеҳсолӣ, технологӣ ва эътимоднокист.

Ширкатҳои бузургтарини соҳаҳои гуногун дар ҷаҳон; аз он ҷумла молия, телекоммуникатсия, логистика, савдо ва дигар соҳаҳо, бо муваффақият аз барномаҳои таъминкунандаи ин Ширкат истифода мебаранд, чунки истифодаи ин барномаҳо имконият медиҳад, ки дар бозор пешсаф буда мавқеи худро тақвият бахшанд. Чунин ширкатҳои бузурги дар ҷаҳон эътирофгардида – аз қабилӣ бонкҳои BNP Paribas, HSBC, ВТБ 24, Бонки Юниаструм, Бонки Исломии Дубай, ширкатҳои Etisalat, Volvo, Panasonic, Macy’s, Toyota, Фурудгоҳи Дубай шарикони доимӣ ва боътимоди ширкати  «Oracle» (Oракл) мебошанд, ки ин қисми хурди рӯйхатест, ки «Oracle» (Oракл) – ро интихоб намудаанд.

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки шурӯъ аз 6 феврали соли 2017 фаъолгардонии системаи нав ба нақша гирифта шудааст. Бонк аз муштариёни худ хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба кормандони Бонк барои дастрас намудани маълумот ва машварат оид ба фаъолияти хизматрасониҳои автоматизатсиашуда, муроҷиат намоянд.

ҶСК "Ориёнбонк" маъзарати худро изҳор намуда омода аст ба ҳамаи саволҳои Шумо посух диҳад.

Ориёнбонк - ҳамкорӣ ба хотири  фардо!

Телефон барои тамос: +992 (44) 600 - 70 - 40

Сӯроғаи электронӣ: info@orienbank.tj