Навигариҳо

18.03.2019
Табрикоти ҶСК “Ориёнбонк” ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз

Ҳамватанон, шарикон ва мизоҷони гиромӣ!

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ориёнбонк» Шуморо бо Наврӯз табрик менамояд! Бигзор қалбатон чун Офтоби оламорои Наврӯз гарму равшан, чун насими наврӯз хурсандибахш ва дастархонатон чун дастархони наврӯзи пурнеъмату пуранво бошад!

Бигзор Наврӯз оғоз ва рамзи дастовардҳою мақсадҳои нав ва амалишавии онҳо гардад! Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!