Навигариҳо

30.08.2016
Кушодашавии ду Маркази хизматрасонии бонкии нав

 

Филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк" дар ш.Панҷакент ҷиҳати арзанда истиқбол гирифтани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои худ ва дастрас намудани хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолӣ дар деҳаҳои Чимқалъа ва Рукнободи Панҷакент Марказҳои хизматрасоии бонкиро мавриди истифода қарор дод.  

Дар маросими кушодашавии Марказҳои хизматрасонӣ ҳайати кормандони филиали ҶСК “Ориёнбонк” дар ш.Панҷакент, намояндагони ҳокимияти давлатӣ, намояндагони воситаҳои ахбороти омма  ва сокинони минтақаҳои мазкур иштирок доштанд.

Марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба талабот ва стандартҳо ҷавобгӯ мебошанд.

ҶСК "Ориёнбонк" нақша дорад, ки минбаъд ҳам дар шаҳру ноҳияҳои кишвар Марказҳои хизматрасонии бонкиро ифтитоҳ намояд.