Қарздиҳӣ
Қарзи истеъмолӣ

Қарзи истеъмолӣ – ин қарзе мебошад, ки ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои харидории лавозимоти истеъмолӣ пешиниҳод карда мешавад.

Лавозимоти маишӣ ва электронӣ

Муддати дароз ғун кардани маблағ барои харидории мошин, телевизор ва ё яхдон зарурият надорад, зеро онҳоро дар ҳол харидорӣ намудан имконпазир аст.

Мебел

Мебели нарми ҳозиразамон, гарнитур барои ошхона ва ё  хонаи хоб дар манзили истиқоматии Шумо олиҷаноб менамоянд.

Сохтмон, таъмир

Аз нав таъмир намудани манзили зист ва ё бустонсарой, инчунин маблағи зарурӣ барои идома додани сохтмони бинои истиқоматӣ – ҳамаи ин бо қарз имконпазир мегардад.

Тӯй ё дигар ҷашну чорабиниҳо

Рӯйдодҳои муҳими ҳаёти Шумо сазовори он мебошанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани онҳо омодаи ҷиддӣ бинед ва инчунин лавозимоти зарурӣ харидорӣ намоед.

Шартҳо:

  • Мӯҳлат 1 сол.
  • Маблағ:

     - бо таъминоти амволи гарав, меъёри фоизӣ 26%-и солона бо сомонӣ ва 24%-и солона бо асъори хориҷӣ муқаррар карда шудааст.

     - бо зомин (замонатдеҳ) барои мизоҷоне, ки бори аввал қарз мегиранд то 5 000 сомонӣ ва барои мизоҷоне, ки аз 1 маротиб зиёд қарз гирифтаанд то 10 000 сомонӣ қарз пешниҳод карда мешавад. Меъёри фоизи чунин қарзҳо 30%-и солона муқаррар карда шудааст.

     - мизоҷоне, ки таърихи қарзии хуб доранд, қарз ба мӯҳлати то 18 моҳ дода мешавад. Инчунин барои чунин мизоҷон бо барасмиятдарории шартномаи амволи гарав ба мӯҳлати то 3 сол дар Идораи нотариалӣ, дар давраи амалкунии шартномаи амволи гарав то 2-3 маротиба қарз дода мешавад.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • Аризаи мизоҷ барои дастрас намудани қарз;
  • Саволномаи мизоҷ;
  • Нусхаи аслии ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома);
  • РМА;
  • Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромадҳои Шумо;
  • Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи молу мулке, ки ба сифати гарав гузошта мешавад.