Қарздиҳӣ
Қарзи истеъмоли барои роҳ

Ин қарзи истеъмолие мебошад, ки ба шахсони воқеӣ барои дастрас намудани чиптаҳо ба мамлакатҳои хориҷи дуру наздик пешниҳод мешавад. 

Шартҳо:

  • Қарзи мазкур ба шаҳрвандони сини (18-50) қобилияти корӣ доштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки доимо дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагонӣ менамоянд пешниҳод карда мешавад.
  • Қарз ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши фаъолият намудан ва ё таълим гирифтанро дар хориҷӣ кишвар доранд, дода мешавад.
  • Қарз дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ дар ҳамаи филиалҳои бонк пешниҳод карда мешавад.
  • Интиқоли маблағҳои мизоҷ бояд, ки бо низомҳои интиқоли маблағҳои Ориёнбонк амалӣ карда шаванд.
  • Ҳаҷми қарз аз арзиши чипта вабаста аст, барои як мизоҷ то 1 000 доллари ИМА пешниҳод карда мешавад.
  • Қарз ба мӯҳлати то 6 моҳ дода мешавад.
  • Меъёри фоиз:

      - бо пули миллӣ 36%.

Таъминнокӣ:

     - гарави амволи манқул дар тартиби муқарраршуда;

     - замонати шахси воқеие, ки даромади доимӣ дорад ва дар идораи нотариалӣ тасдиқ карда шудааст;

     - замонати шахси ҳуқуқӣ;

     - замонати корманди масъули ҶСК “Ориёнбонк”; 

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома);
  • Нусхаи чипта;
  • Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи гарави мизоҷ;

Дар ҳолатҳои зарурӣ пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ хоҳиш карда мешавад.