Шахсони ҳуқуқӣ
Амалиётҳои ҳисобӣ-хазинавӣ

ҶСК «Ориёнбонк» бо истифода аз технологияҳои муосир ва такия ба таҷрибаву ихтисоснокии кормандони худ, ба Шумо истифода аз хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунии хазинавиро пешниҳод менамояд.
Менеҷменти касбӣ, ки барои беҳгардонии хизматрасонии мизоҷон равона карда шудааст, баҳисобгирии хусусиятҳои инфиродии фаъолияти кории ҳар як мизоҷ ва пешниҳод намудани маслиҳатҳои саривақтӣ оиди қарздиҳӣ, назорати асъор ва ҳисоббаробаркуниҳо, ҳуқуқ ва андозбандӣ ба онҳоро имкон медиҳад. 

Ба монанди аксарияти бонкҳои ҷаҳонӣ бонки мо омода аст, ба Шумо хизматрасонии ҳисоббаробаркунии хазинавиро  ҳам бо сомонӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ пешниҳод намояд.  

Барои зуд ва босифат таъмин намудани ҳисоббаробаркуниҳои корхонаи Шумо, бонк шароитҳои зеринро таъмин менамояд: 

  • тамоми намуд ва шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳо бо сомонӣ ва асъори хориҷӣ.
  • рӯзи амалиётии давомнок.
  • баҳисобгирии воситаҳо дар ҳисобҳои мизоҷон дар реҷаи воқеии вақт.
  • дар масофа идоракунии ҳисоб бо истифодаи низоми "Интернет - банкинг".
  • хизматрасонии хазинавӣ дар давоми рӯзи амалиётӣ ва кори хазинаи бегоҳирӯзӣ.
  • пардохтҳои босуръат ба Россия аз рӯи низоми пардохтҳои электронӣ.
  • пардохтҳои босуръат тавассути низоми байнибонкии телекоммуникатсионии SWIFT.
  • назорати асъорӣ ва дастгирии фаъолияти берунииқтисодӣ.
  • амалиётҳои конверсионӣ.

Хизматрасонии ҳисоббаробаркунии хазинавии корхонаи Шумо бо амалиётҳои дар боло қайдкардашуда маҳдуд намегардад. Ба ин мафҳум мо маҷмӯи томи механизмҳо ва маросимҳое, ки баҳри хизматрасонии мизоҷон дар сатҳи баландтарини стандартҳои замонавии бонкӣ равона карда шудаанд, дохил менамоем. Хизматрасониҳо дар Бонки марказӣ ва филиалҳои бонк пешниҳод мегарданд.

Бонк аз мизоҷони худ барои хизматрасониҳо ва пешкаш намудани амалиётҳои бонкӣ тибқи тарофаҳои бонк ҳаққи хизмат меситонад. 

Барои кушодани суратҳисоб ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:

Рӯйхати бонкҳои муросилотии ҶСК "Ориёнбонк".