Навигариҳо

24.05.2013
Имзогузории Созишномаи қаблӣ байни Корпоратсияи Исломии рушди соҳаи хусусӣ (ICD) ва ҶСК «Ориёнбонк»

   Халед Ал-Абуди                         Сулаймонбеков Раҷаббек А.

Душанбе 22 маи 2013с.

Дар ҷараёни маросими 38-умин вохӯрии Шӯрои идоракунандагони Бонки исломии рушд (БИР) Созишномаи қаблӣ оиди маблағгузорӣ намудани 6 млн. доллари ИМА аз ҷониби Директори Корпоратсияи исломии рушди соҳаи хусусӣ (ICD) ҷаноби Халед Ал-Абуди ва Муовини Раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» Сулаймонбеков Раҷаббек ба имзо расид.

6 млн. доллари ИМА барои маблағгузории корхонаҳои хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҶСК «Ориёнбонк» равона карда мешаванд. Маблағҳо тавассути лоиҳаҳое, ки аз 500 ҳазор то 1,5 млн. доллари ИМА арзиш доранд ба соҳаҳои саноат, алоқа, технология, тандурустӣ, сохтмон ва хоҷагии қишлоқ ҷудо карда мешаванд.

Оиди ин масъала ҷаноби Халед Ал-Абуди чунин суханронӣ намуд: «Корхонаҳои хурду миёна дар рушди кишвар нақши муҳимро мебозанд ва ICD нисбати онҳо нақшаҳои калон дорад. Аз рӯи даромад ин соҳа яке аз соҳаҳои муҳими ҳар як кишвари аъзои Бонки исломии рушд мебошад. Айни замон ICD барои рушди бахши корхонаҳои хурду миёна тавассути маблағгузорӣ намудан ба бонкҳои маҳаллӣ, ширкатҳои лизингӣ ва фондҳои маблағгузор, талош меварзад».

ICD аллакай таҷрибаи хуби маблағгузории корхонаҳои хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад. Соли 2006 ICD бо ширкатҳои молиявии маҳаллӣ оиди маблағгузорӣ намудан ба маблағи умумии 11,5 млн. доллари ИМА Созишнома баста буд. Механизм ва раванди маблағгузории корхонаҳои хурду миёнаи Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои директорони ICD тасдиқ карда шудааст, ки ин далели дастгирии соҳаи хусусии кишварҳои аъзои Бонки исломии рушд аз ҷониби ICD мебошад. Аз маблағи умумӣ аллакай 10 млн. доллари ИМА ба пуррагӣ маблағгузорӣ карда шудаанд.

Дар бораи Корпоратсияи исломии рушди соҳаи хусусӣ (ICD).

ICD ширкати бисёрҷониба буда, аъзои Бонки исломии рушд мебошад. Ба ваколати ICD дастгирии рушди иқтисод ва рушди соҳаи хусусӣ дар кишварҳои аъзои Бонки исломии рушд тавассути маблағгузорӣ намудан дар асоси қоидаҳои шариати Исломӣ дохил мешавад. ICD инчунин ба ҳукуматҳо ва ширкатҳои хусусӣ оиди ташкил намудан, вусъат додан ва модернизатсиякунии корхонаҳо машварат медиҳад. Барои гирифтани маълумоти муфассалтар, аз сомонаи www.icd-idb.com дидан намоед.