Шахсони воқеӣ

Ҳадафи асосии мо – ин иштироки ҳамаҷониба дар ташаккулёбии тамоми қишрҳои ҷамъият, ҷаҳду талош барои беҳтар намудан ва гугулшукуфонии он аст. Бонки мо яке аз узвҳои муҳимтарини сохтори пуриқтидори иқтисодӣ ба шумор рафта, тамоми хизматрасониҳои молиявиро пешниҳод менамояд ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба ҳар як мизоҷ барои ҳалли мушкилиҳояшон қарорҳои мувофиқ қабул намояд. Пешаи мо – ин ҳамавақт хизматгузории беҳтарин аст. Мо омодаем тамоми амалҳои имконпазирро баҳри ба даст овардани боварии Шумо иҷро намоем.

Қарздиҳӣ

Қарзҳо - ин роҳи осони ҳалли мушкилотҳои Шумо ва пешниҳоди фаврии маблағҳо барои харидории молҳои ниёзи мардум, автомобил, таъмири манзили истиқоматӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ мебошад. Аз ҷониби Шумо ба бонк ҳуҷҷатҳои начандон зиёдеро пешниҳод намудан зарур аст, пас аз омӯхтани онҳо барои ҳар як аризаи мизоҷ қарор қабул карда мешаванд.

Амонатҳо

ҶСК "Ориёнбонк" воситаҳои пулии шахсони воқеӣ, инчунин соҳибкорони инфиродиро дар шакли амонат қабул менамояд. Амалиётҳои амонатӣ – ин амалиётҳое мебошанд, ки барои ҷалби воситаҳои пулии шахсони воқеӣ ба мӯҳлатҳои муайян ё бемӯҳлат ва бо пардохти дивиденд, алоқаманданд

Кортҳои пластикӣ

Кортҳои пардохтии Ориёнбонк – ин сарфаи вақт, хизматрасонии қуллай, тахфифҳо ҳангоми харидорӣ ё пардохти ҳаққи хизматрасонӣ дар ташкилотҳои савдо ва хизматрасонӣ мебошад

Амалиётҳои ҳисобӣ-хазинавӣ

ҶСК "Ориёнбонк" бо истифода аз технологияҳои муосир ва такя ба таҷрибаву ихтисоснокии кормандони худ хизматрасонҳои ҳисоббаробаркунии хазинавиро пешниҳод менамояд. Хизматрасонии баланди бонкӣ ва муҳити муоширатии корӣ баҳри рушди боварии мизоҷон ба афзудани шумораи ҳисобҳо, мусоидат менамояд

Интиқоли маблағҳо

Бисёриҳо аз зарурияти интиқоли фаврии пул ба хешу табор, рафиқон ё ҳамкорон ба Россия ё дигар давлати ҷаҳон бохабаранд. Дар ин маврид як қатор мушкилотҳо аз ҷумла, доштани суратҳисоб дар бонк, хароҷоти зиёди комиссионӣ ва ғайраҳо пайдо мешаванд

Қуттиҳои сейфӣ

Барои таъмини бехатарии маводҳои қиматбаҳоятон дар ташвиш ҳастед? Барои дар хона мондани молҳои қиматбаҳо ва ҳуҷҷатҳо Шумо дар изтиробед? Ориёнбонк бо камоли майл қуттиҳои сейфиро ба Шумо пешниҳод менамояд.  

Хизматрасониҳои инкассатсионӣ

Бо Ориёнбонк сарватҳои Шумо дар ҳифзанд!

Маҳз барои ширкати Шумо ҶСК «Ориёнбонк» пешниҳод менамояд аз хизматрасонии ҳамлу нақли дороиҳо, алалхусус ҳамли маблағҳои нақдии ташкилотҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо истифода баред.  

Тарофаҳои бонк

Бонк барои расонидани хизматрасониҳо ва амалиётҳои бонкӣ аз Мизоҷон тибқи тарофаҳои тасдиқшудаи бонк ҳаққи хизмат меситонад.