Интиқоли маблағҳо
Аз рӯи реквизит

Барои амалӣ намудани чунин намуди интиқол дар Тоҷикистон, интиrолкунанда бояд варақаи реквизитҳои ҶСК "Ориенбонк"- ро бо нишон додани насаб, ном ва номи падари қабулкунандаи маблағ ва маълумотҳои шиносномаи Ӯро пешниҳод намояд. Ҳангоми интиқоли пулӣ бонк барои нақдгардонии маблағи воридгашта, ба андозаи 2% комиссия меситонад. Ҳангоми интиқоли маблағ аз рӯи ин намуди интиқол тарифаҳои зерин амал мекунанд: 

  • Ҳангоми интиқол бо доллари ИМА:

Маблағи интиқол $        

Комиссия $  

то 2000.00

10.00

аз 2000.01 то 3000.00

15.00

аз 3000.01 то 20 000.00

20.00

аз 20 000.01 то 30 000.00

30.00

аз 30 000.01 то 100 000.00

40.00

аз 100 000.01 то 200 000.00      

50.00

аз 200 000.01 то 300 000.00

80.00

Зиёда аз 300 000.01

100.00

Бо системаи ОРИЕНЛАЙН пулҳоро ба Москва ба воситаи "Неклис-банк" ва БТС "Фьючер", ба Санкт-Петербург ба воситаи "Красбанк" дар тули як рӯз интиқол додан мумкин аст. Ҳангоми фиристонидани маблағҳо бо доллари ИМА ҳаққи хизмат ба андозаи 1,5 % аз ҳаҷми маблағи фиристонанда ситонида мешавад. ҳангоми қабули маблағ бошад 1% аз қабулкунанда ситонида мешавад. Ҳангоми интиқол бо рубли Россия аз интиқолкунанда комиссия ба андозаи 0,9% ва инчунин ҳангоми қабул ҳаққи хизмат аз қабулкунанда ба андозаи О.9% ситонида мешавад. Ҳангоми пардохти интиқол, ки ба Тоҷикистон тибқи низоми ОРИЕНЛАЙН дохил шудаанд, ҳаққи хизмат аз қабулкунанда ситонида намешавад.

Суроғаҳои бонкҳо:

  • "Неклис-банк" - Москва, кӯчаи Василевская, хонаи 13, ҳуҷраи 1.(метрои Белорусская)
  • "Красбанк" - Санкт-Петербург, кӯчаи Смолчяков, хонаи 19-а. (метро Выборгская)
  • "Фьючербанк" - Москва, кӯчаи Электрозаводская, хонаи 20, бинои 11.