Шахсони воқеӣ
Интиқоли маблағҳо

Бисёриҳо аз зарурияти интиқоли фаврии пул ба хешу табор, рафиқон ё ҳамкорон ба Россия ё дигар давлати ҷаҳон бохабаранд. Дар ин маврид як қатор мушкилотҳо аз ҷумла, доштани суратҳисоб дар бонк, хароҷоти зиёди комиссионӣ ва ғайраҳо пайдо мешаванд.

ҶСК "Ориенбонк" хизматрасониҳо доир ба интиқоли байналхалқии пул, инчунин интиқоли пул дар қаламрави Тоҷикистон бе кушодани суратҳисоби ҷорӣ пешниҳод менамояд.

Ҳамкории бонк бо ширкатҳои намоёни байналхалқӣ имконият медиҳанд, ки ба мизоҷ намудҳои гуногуни интиқоли пулиро пешкаш намояд, ки ҳар яки онҳо хусусиятҳо, бартариҳои худро доранд ва нодир мебошанд.

Пеш аз ҳама ин хизматрасониҳо ба сайёҳон, шаҳрвандоне, ки дар хориҷа хешу табор доранд, донишҷӯени дар кишварҳои дигар таҳсилкунанда, инчунин хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, манфиатноканд.

Бартарии асосии мизоҷони Ориёнбонк аз он иборат аст, ки имконияти мустақилона интихоб намудани тарзи қуллайтар ва фоиданоки интиқоли воситаҳои пулӣ доранд. Мутахассисони Ориенбонк ба мизоҷон оиди ҳар як намуди системаи интиқоли маблағҳо машваратҳо медиҳанд. Шумо худатон тасмим мегиред, ки кадоме аз онҳоро интихоб намоед.