Навигариҳо

27.12.2016
Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ориёнбонк” бо изҳори ҳамдардӣ хабар медиҳад

 Robsom

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ориёнбонк” бо изҳори ҳамдардӣ хабар медиҳад, ки рӯзи 24 декабри соли 2016, дар синни 58 солагӣ аъзои Шӯрои нозирони Бонк Дэвид Робсон бемаҳал вафот кардаанд.

Ҷаноби Дэвид Робсон бо Қарори Маҷлиси ғайринавбатии саҳмиядорони Бонк рӯзи 12 ноябри соли  2014 ба ҳайси аъзои Шӯрои нозирони ҶСК “Ориёнбонк” тасдиқ карда шуда буд.

Ҷаноби Дэвид Робсон бештар аз 30 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи нафту газ дошт, ки қисмати зиёди он ба кишварҳои Шӯравии собиқ ва манотиқи ҳамҷавори он рост меомад.  Вай дорои таҷрибаи бои созмон додани корхонаҳои тиҷоратӣ дар минтақа дошта, дар ин давра се ширкати саҳҳомии кушодаро таъсис дода, роҳбарӣ намудааст ва оиди ҷалби маблағгузорӣ бо ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, сармоягузорон ва муассисаҳои молиявии дигар гуфтушунидҳо анҷом додааст. Ӯ мутахассиси  шинохтаи масоили энергетикӣ дар минтақа буда, ҳамзамон узви чандин ниҳодҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои савдо ва тиҷорат буд. Вай дорандаи унвонҳои илмии бакалавр (B.Sc. (Hons)), доктори фалсафа (Ph.D) ва магистри маъмурияти тиҷорат (MBA) буд.

Роҳбарияти ҶСК “Ориёнбонк” таҷрибаи тӯлонии ӯро дар тиҷорат ва малакаи кориашро бо ниҳодҳои молиявии бисёрҷониба ва бозорҳои ҷаҳонии сармоя ва саҳми назарраси ӯро дар рушди соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, қадрдонӣ мекунад. Донишу таҷрибаи густурдаи ҷаноби Дэвид Робсон дар арсаи байналмилалӣ дар пешбурди нақшаҳо ва рушди ҶСК “Ориёнбонк” мусоидат намудааст.

Роҳбарияти ҶСК “Ориёнбонк” бо арзи эҳтиром, бинобар марги бемаҳал, ба наздикон ва хешовандони марҳум ҳамдардии бепоёни худро изҳор менамояд.

Хотироти нек дар бораи марҳум Дэвид Робсон аз дили онҳое, ки ӯро мешинохтанд ва бо ӯ ҳамкорӣ доштанд ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад шуд.