Шахсони ҳуқуқӣ
Қарздиҳӣ

Бонк ба корхонаҳои тиҷоратии хурду миёна, корхонаҳои содироткунанда, корхонаҳои саноатие, ки маҳсулот ва хизматрасониҳои онҳо дорои талаботи босубот ҳастанд ва инчунин барои зиёд намудани сармояи гардон, васеъкунии соҳаи фаъолият, хариди таҷҳизот ё объектҳои ғайриманқул, маблағгузории фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ ва ҳадафҳои дигар, қарз медиҳад.
Қарзҳо ба корхонаҳои амалкунандаи аз ҷиҳати молиявӣ устувор пешниҳод мешаванд. Қарздиҳӣ ҳам дар Бонки марказии Ориенбонк ва ҳам дар филиалҳои он сурат мегирад.

Бартарии қарзҳои мо:

  • Роҳҳои қулаи пардохти қарз (имконияти қисман ё пурра пардохт намудани қарз дар дилхоҳ вақт).
  • Фоизҳои пастарин дар сохтори бонкӣ.
  • Имконияти ба даст овардани қарз дар давоми 24 соат, дар бештар филиалҳои бонк.
  • Пешниҳоди қарз дар шакли нақдb ва ғайринақдӣ.
  • Пешниҳоди бастаи камтарини ҳуҷҷатҳо.