Навигариҳо

4.02.2016
ҶСК "Ориёнбонк" ташкилоти қарзии боэътимод дар арсаи байналхалқӣ

 

 

3 Феврали соли 2016 ӯҳдадории ҶСК “Ориёнбонк” дар доираи қарзи синдитсионӣ дар назди ҶС БСТ “Новикомбанк” (Руссия), Baltikums Bank AS (Латвия) ба маблағи 5,0 млн. доллари ИМА, бо муваффақият ба анҷом расид.

Дар асоси шартҳои Созишнома, маблағи қарз аз ҷониби ҶСК “Ориёнбонк” дар мӯҳлати муқарраргардида пурра пардохт карда шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҶСК “Ориёнбонк” дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун ташкилоти қарзии боэътимод ва аз ҷиҳати молиявию иқтисодӣ устувор, фаъолият менамояд.

Боиси ифтихор аст, ки чунин намуди қарзгирӣ, яъне қарзи синдитсионӣ, бори аввал дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ориёнбонк, ҷалб гардидааст. 

 

123   asd