кортҳои пардохтӣ
Лоиҳаҳои музди меҳнат

Кортҳои музди меҳнат аз Ориёнбонк – ин на фақат воситаи қулайи гирифтани пули нақд ва олоти молиявиест, ки ба Шумо барои идоракунии босамари пулҳои худ имконият медиҳад, балки калиди хизматрасониҳои муосири бонкӣ мебошад.

Хизматрасониҳое, ки ба мизоҷони Ориенбонк доир ба пардохти музди меҳнати кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳо бо истифодаи кортҳои пластикӣ расонида мешаванд:

  • ҳисобкунӣ ва пардохти музди меҳнат бо ёрии кортҳои пластикии «VISA Electron» ва "VISA Classic".
  • имконияти ҷойгиркунии банкоматҳо ё постерминалҳо бевосита дар ҳудуди ташкилоти Шумо.

Лоиҳаҳои музди меҳнат ба ташкилоти Шумо имконият медиҳанд:

  • ба таври назаррас кам намудани ҳаҷми амалиётҳои хазинавӣ, ва мувофиқан осон гардонидани кори хазина.
  • даст кашидан аз тартиби депонент намудани воситаҳои пулии талаб накардаи кормандони Шумо.
  • кам кардани тавакал ва хароҷотҳои иловагии нигоҳдорию ҳамлу нақли пули нақдӣ, ки барои пардохт ба кормандон пешбинӣ шудаанд.
  • сода намудани тартиби пардохти музди меҳнати кормандон бо нигоҳдории махфият ва дифференсиатсияи пардохт.

Лоиҳаҳои музди меҳнат ба кормандони Шумо имконият медиҳанд: 

  • ҷойгиркунии музди меҳнат дар бонки боэътимод.
  • дастрас гардидани маблағи зарурии воситаҳои пулӣ аз банкоматҳо, новобаста аз вақти кории хазина ё шeъбаи муҳосиботи ташкилоти Шумо.
  • бо корт ҳисобӣ намудан дар ташкилотҳои савдо ва хизматрасониҳо.
  • эмин доштани воситаҳои пулӣ аз гумшавӣ ва дуздида шудан, зеро дорандаи корт метавонад истифодаи корти гумкарда ё диздидашудаашро тавассути телефон қатъ гардонад ва баъди он истифодаи ғайриқонунии он тамоман ғайриимкон мегардад.

Лоиҳаҳои музди меҳнат

"Музди меҳнат стандарт"

VISAElectron(Smartcard)

 

Арзиш барои барориш ва хизматрасонии корт:

       

 1 сол

$4,00

 2 сол

$6,00

 3 сол

$10,00

Барои интишори фаврии корт

$10,00

Азнавбарориши корт ҳангоми гум шудан ё ин ки осеб ёфтан

$5,00*

Амонати суғуртавӣ

0,00

VISA Classic

 

Ҳаққи хизматрасонии бонк барои барориш ва хизматрасонии корт:

 

 1 сол

$6,00

 2 сол

$12,00

 3 сол

$15,00

Барои интишори фаврии корт

$10,00

Азнавбарориши корт ҳангоми гум шудан ё ин ки осеб ёфтан

$5,00*

Амонати суғуртавӣ

$50,00

Кушодани ҳисоби амонатии асосӣ

Ройгон

Бастани ҳисоби кортӣ

Ройгон

*ҷамъи арзиш барои барориш ва хизматрасонии корт.