кортҳои пардохтӣ
Эквайринг

Эквайринг – намуди хизматрасонии бонк мебошад, ки ба корхонаҳои савдою хизматрасонӣ, баҳри хизмат расонидан ба дорандагони кортҳои низоми пардохтии байналхалқии VISA International, MasterCard International имконият медиҳад. 

Дорандагони кортҳои пластикии ҶСК "Ориенбонк" киҳоянд?

  • Дорандагони кортҳо – ин шахсони дорои даромади мӯътадил, кормандони корхонаҳои калоне мебошанд, ки метавонанд гардиши моли корхонаи Шуморо хеле афзун гардонанд.

Барои чӣ хизматрасонӣ намудани дорандагони кортҳои пластикӣ муфид аст?

  • Шумо метавонед ба таври иловагӣ харидорони сарватманди мол/хизматрасониҳои худро, ки барои онҳо пардохт тавассути корт аломати обрӯмандист, ҷалб намоед. Дар байни онҳо на танҳо мизоҷони Ориёнбонк, балки дорандагони кортҳои VISA, MasterCard, бонкҳои дигари ҶТ ва тамоми ҷаҳон низ, ҳастанд.
  • Шумо метавонед ҳаҷми фурӯши молҳо/хизматрасониҳоро зиёд намоед, зеро аз лиҳози воқеият пулро дар дастҳо ҳис накарда, мизоҷ нисбат ба пардохт бо пули нақд маблағи зиёдтарро сарф менамояд.
  • Шумо метавонед дараҷаи хавфи худро, ки бо қаллобӣ аз ҷониби мизоҷон (масалан, кӯшиши пардохт бо пулҳои қалбакӣ) ё хатоҳои тасодуфии кормандон алоқаманд аст, пасттар намоед. Илова бар ин хароҷотҳои ширкати Шумо барои инкассатсия ва нигоҳдории пулҳои нақд хеле кам шуда, дар баробари ин бехатарии нуқтаҳои савдо баланд мешавад.

Чӣ тавр Шумо метавонед мизоҷони навро ҷалб намоед ?

  • Харидорони нави қобилияти пардотпазирӣ дошта, оиди хизматрасонии ширкати Шумо ба мизоҷон – дорандагони кортҳои пластикӣ ба воситаи логотипҳои низомҳои пардохтӣ ва логотипи бонк, ки дар корхонаи Шумо ҷойгир карда мешаванд, ошно мегарданд.
  • Маълумот дар бораи ширкати Шумо ба буклети "Нуктаҳои хизматрасонии кортҳои пардохтӣ" барои мизоҷони Бонк дохил карда мешавад.
  • Маълумот дар бораи ширкати Шумо дар сайти Ориенбонк www.orienbank.tj дохил карда мешавад.
  • Номи ширкати Шумо ба таври худкор ба шабакаи байналхалқии корхонаҳои ба дорандагони кортҳои пластикӣ хизмат расонанда, дохил карда мешавад.
  • Корхонаи Шумо имконият пайдо мекунад, ки дар маъракаҳои таблиғотии Бонк, ки ба афзонидани ҳаҷми фурӯш ба воситаи кортҳои пластикӣ равона карда шудаанд, ширкат варзад.

Барои ширкат дар шабакаи эквайрингии Ориенбонк чӣ лозим аст ?

  • Хоҳиши васеъкунии бозори фурӯши маҳсулоти худ.
  • Алоқаи телефонӣ.
  • Мавҷуд будани суратҳисоб дар бонки мо.

Арзиши иштирок дар шабакаи эквайринг чанд аст? 

Бонк аз ҳар як аҳди савдо бо харидори мол/хизматрасонӣ, ки бо корт пардохт намуда аст, ҳаққи хизмат мегирад, аммо миқдори мизоҷони иловагии ҷалб намуда ва сарфакории дар таблиғоти корхонаатон намударо ҳисоб карда, Шумо оиди нафъи пешниҳоди мо боварӣ ҳосил мекунед. 

Барои ширкат дар шабакаи эквайрингии ҶСК "Ориенбонк" чӣ тавр дархост кардан лозим аст? 

Ба Шӯъбаи кортҳои пластикӣ бо телефони +992 (37) 221 12 28  занг зада иттилоотеро, ки мутахассис дар бораи ширкати Шумо талаб  менамояд, пешниҳод намоед.
Ба шӯъбаи дилхоҳи Бонк муроҷиат намоед. 
Дар муддати се рӯз, менеҷерҳои Бонк барои боз ҳам пурратар муҳокима намудани масъалаи мазкур, бо Шумо дар тамос хоҳанд шуд.