Шахсони ҳуқуқӣ
Кортҳои пластикӣ

ҶСК «Ориенбонк» ба мизоҷони худ барориш ва хизматрасонии кортҳои низомҳои маъмули пардохтии байналхалқиро пешниҳод мекунад. Бонки мо узви баробарҳуқуқи низоми пардохтии байналхалқии VISA International мебошад. Бо кушодани ҳисоби корти корпоративии Gold барои роҳбарони ширкат – Шумо дар асл мақоми баланд доштани ширкати худро нишон медиҳед.

ҶСК «Ориенбонк» барои корхонаи шумо тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти музди меҳнатро бо ёрии кортҳои пластикӣ пешниҳод менамояд. Ба сифати кортҳои музди меҳнат барои кормандони Шумо кортҳои VISA Electron, VISA Classic ва VISA Gold-ро пешниҳод менамоем. Шумо метавонед ҳисоби кортҳои музди меҳнатро ҳам бо сомонӣ ва ҳам доллари ИМА кушоед.

Ҳамкорӣ бо ҶСК «Ориенбонк» ва қабули кортҳои пардохтии VISA ба Шумо як қатор бартариҳои баҳснопазирро меоварад. Рақобатнокии корхонаи Шумо баланд мегардад, гардишҳои он аз ҳисоби ҷалби мизоҷони нав – дорандагони кортҳои пластикӣ зиёд мешаванд. 

 


Афзалияти кортҳои мо:

  • Бехатарии маблағҳои Шумо.
  • Имконияти шабонарӯз дастрас намудани маблағҳои нақдӣ бо 2 асъор ва зиёд аз дар 50 банкомат.
  • Бо тариқи дистансионӣ идора намудани корти худ дар сомонаи www.homebank.tj.
  • Дар ҳар нуқтаи дунё метавонед бо тарзи ғайринақдӣ ё бо Интернет маҳсулот харидорӣ намоед ва ё ҳақи хизматрасониро пардохт намоед.
  • Ҳангоми сафар кардан ба хориҷ зарурият надорад маблағҳои худро баён намоед.
  • Хабардор шудан аз ҳар як амалиёт бо корти худ тариқи смс-хабар.
  • Пардохти ҳақи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ.
  • Мӯҳлати этибор 3 сол барои ҳама намуди кортҳо.
  • Инчунин Шумо аз тамоми хизматрасониҳои нави бонки мо бохабар мегардед. 

Реквизитҳо барои пуркардани ҳисоби корти.